РАҚСИ «ЗЕБО»

Доманафшон, кокулафшон,
Гул ба кокул аз гулафшон.
Масти нозу масти саҳбо
Чашмҳои шӯху шаҳло.
Рақси «Зебо», рақси зеборо бубин,
Мавҷи дарё, мавҷи дарёро бубин.
Хандаи гул, оҳи булбул субҳдам,
Шавқи дилҳо, шавқи дилҳоро бубин.
Ларзаи зулфони печон,
Ларзаи дил, ларзаи ҷон.
Меравад арғушт «Зебо»,
Мезанад ангушт «Зебо».
Рақси «Зебо», рақси зеборо бубин,
Мавҷи дарё, мавҷи дарёро бубин.
Хандаи гул, оҳи булбул субҳдам,
Шавқи дилҳо, шавқи дилҳоро бубин.
Печутоби сарви қомат
Мекунад садҳо қиёмат,
Аз дили мо ғам рабояд,
Зиндагӣ ширин намояд.
Рақси «Зебо», рақси зеборо бубин,
Мавҷи дарё, мавҷи дарёро бубин.
Хандаи гул, оҳи булбул субҳдам,
Шавқи дилҳо, шавқи дилҳоро бубин.
20.2.1980



Шарҳи худро нависед