Рафтиву рафт бар бод пушту паноҳ
Шабҳо бувад чароғам аз дуди оҳ бе ту,
Чун шамъи кушта, дорам рӯзи сиёҳ бе ту.
Авроди субҳу шомам бошад дуои ҷонат,
Медробам осмон аст, эй қиблагоҳ, бе ту.
Бар нақши пойи ҳар кас аз бекасӣ занам даст,
Доман фишонад аз май, чун гарди роҳ, бе ту.
Бинам ба пардаи чашм хосияти катонро,
Шабҳо агар ба Маҳтоб созам нигоҳ бе ту.
Дар кунҷи ғам нишаста шаб то саҳар ба ёдат.
Резам зи дида анҷум, эй рашки Моҳ, бе ту.
Девори хонаам буд пайваста такягоҳам,
Рафтиву рафт бар бод пушту паноҳ бе ту.
Шояд, ки бар сари ман рӯзе қадам гузорӣ,
Чун нақши по нишинам сарҳои роҳ бе ту.
Ҷурме, ки сар зад, эй шоҳ, аз Сайидо, бибахшой,
Яъне ки зинда будан бошад гуноҳ бе ту.
Шарҳи худро нависед