РАФТ, РАФТ
Мансаби овоздорам рафт, рафт!
Курсии рохатнисорам рафт, рафт!
Маснади пурифтиҳорам рафт, рафт!
Минбари гуфтугузорам рафт, рафт!
Саргарангам, дидаам шаб мезанад,
Хун ба сар ёди мансаб мезанад,
Оҳи сард аз сина бар лаб мезанад,
Рафт дармону мадорам рафт, рафт!
Ку дигар шаъни ману эъзози ман?
Ку дигар котибаи ман,
Ку давад чун бишнавад овози ман?
Обрӯю эътиборам рафт, рафт!
Ақл не, ғӯн гашта буд моли зиед,
Мол ҳам охир ба ман ёри надод,
Гардани каҷ монд бо ман умрбод,
Бахти бедор аз канорам рафт, рафт!
Шарҳи худро нависед