РАФТА НАЗДИ БОБОЯМ

Давидему давидем,
Нимарӯзӣ расида,
Деҳи бобома дидам,
Акси онро кашидам.

Кӯҳи деҳа пурарча,
Заминаш парча-парча.
Обаш шаффофи шаффоф,
Осмонаш софи чоф.

Хонаҳояш зири шах,
Шахҳояш зери шах,
Яхҳояш яхҳои пир,
Ҷойи чарои нахчир.

Овезон баъди борон
Мегардад рангинкамон,
Ак сараш дар шаршара,
Як сарараш дар подара…

Давидему давидем,
Немарӯзӣ расидам,
Деҳи бобома  дидам,
Акси онро  кашидам.

Ин сон як  деҳи зебо
Боз бошад дар дунё

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед