РАҲМДИЛРО ДӮСТ МЕДОРАД ХУДО

Сангдил гӯем магар аз мо машав эй маҳ малол,
Сангдил гуфтан ба гӯшам мерасад сахт эҳтимол
Гар зиназдик  ҳам  набошад  дур-дур аз рӯи лутф,
Як назар андоз пурс ошиқ бигӯ дори чӣ ҳол.
Хубрӯё, хуб медонам, ки медонӣ  ту хуб,
Раҳмдилро дӯст дорад ҳам Худои зулҷалол.
Бо ду чашми чор нишаста чор тараф кардам нигоҳ.
Аз ҷануб меои, аз шарқ, ё зи ғарб, ё аз шимол?
Шаҳрро дидан хуш аст аз осмон фасли баҳор,
Кай ту меой, биё, ки  сайр кунем бо чархбол.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед