Рамзошнои ишқем он қадр к-аз сари сӯз

То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо,
Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо.
Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз
Дил метапад шабу рӯз аз як ишораи мо.
Он қадр дилпарастӣ кардем, то бидидем
Мо пора-порап дил, дил пора-пораи мо.
Мо ошиқему ошиқ, бо ишқи дардҳояш
Ҷунбондаанд гӯӣ бас гоҳвораи мо.
Ьигзор. пур шавад шаҳр ин шаҳри хоколуд
Аз розҳои пинҳон ё ошкораи мо.
Холӣ мабод, эй кош. аз сӯзиши худодод
Дилҳои пурмуҳаббат ё пуршарораи мо.
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед