РАНГҲО

Бигзарӣ чун аз Самарқанд,
Аз Самарқанде, ки буда сайқали рӯи замин,
Бингарӣ бар ҳар манору сардара,
Бингарӣ бар гунбазу бар кунгура,
Бингарӣ бар рангҳои нақшҳои дилнишин
Мегазӣ ангушти ҳайрат:
Ваҳ чӣ қудрат, ваҳ чӣ санъат!
Мешавӣ ҳайрону лол,
То чӣ гуна рангҳояш то ба ҳол
Монда ин сон бегазанд,
Монда ин сон безавол.
Ҳеҷ донӣ рангҳои он ҳама нақшу нигор
Рангҳои кимиёйӣ нест, бо ман гӯш дор:
Баски дар он нақшҳо хуни тамоми халқҳо
омехтаст,
Аз сари ангушти ҳар фарзанди Шарқ
Рангҳо дар нақшҳои ҷовидонӣ рехтаст;
Баски дар он рангҳо
Иттиҳоди хуну ашки халқҳост,
Иттиҳоди хуну ашки халқҳои Осиёст,
Монда то имрӯз ҳар як нақш озод аз халал,
Монда то имрӯз ҳамчун ёдгори бебадал…
Ин ки мебинӣ манора
З-имтизоҷи хуни чандин тоифа
Рангҳои нақшҳояш гунагун аст,
Ё румузи гарданафрозист,
Ё фаввораи ашк асту хун аст…
23.2.1974

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед