Ранҷидаи
Ман ошиқӣ шайдои ту аз ман чаро ранҷидаи,
Дил мебарӣ ошиқ куши аз ман чаро ранҷидаи.
Ман ёри ту дилдори ту қурбонӣ ту шайдои ту,
Нолонӣ ту ҳайронӣ ту аз ман чаро ранҷидаи.
Ду дида гирёнат манам аз сузӣ ту дилсӯхтаам,
Ҳам ошиқи чашмонатам аз ман чаро ранҷидаи.
Ту дилнавози нозанин ширинваши эй беҳтарин,
Ту охирин ҳам аввалин аз ман чаро ранҷидаи.
Дил пора шуд бе рӯйи ту ду дидаам аз роҳи ту,
Чашму дилам аз сарсонӣ ту аз ман чаро ранҷидаи.
Ман аз вафо содиқи ту чун дилбарон ошиқӣ ту,
Ман ёри ту маъшуқӣ ту аз ман чаро ранҷидаи.
Дил мебари эй дилнишин ёри ту гашт Қиёмиддин,
Ман садқаи ҳуснат яқин аз ман чаро ранҷидаи.
Шарҳи худро нависед