Разум народа – источник уверенности, разум народа, разум лидерства!

Зиҳӣ ин бузургӣ, зиҳӣ ин камол,
Зиҳӣ ин шукӯҳу зиҳӣ ин ҷалол,
Зиҳӣ миллату Сарвари номдор,
Ҳама миллат аз заҳматат комёр.
Зиҳӣ сулҳу ваҳдат, ки эҳдо зи туст,
Зиҳӣ халқу давлат, ки эҳё зи туст.
Хазон бурда, сарсабзӣ овардаӣ,
Басо наҳли уммед парвардаӣ.
Шукуфонда мулки дилафрузро,
Чаҳонӣ намудӣ ту Наврузро,
Нишони ту ҳар ҷой ободӣ аст,
Сарозодӣ асту дилозодӣ аст.
Намакпосдори бузургон зиҳӣ,
Зинавзиндасози сутургон, зиҳӣ.
Саногуи кори ту бодо замон,
Дуогуи ҷони ту бодо ҷаҳон.
Зиҳӣ халқро маншаи боварӣ,
Зиҳӣ халқдорӣ, зиҳӣ сарварӣ!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед