РЕШАИ МАН, АСЛИ МАН

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,
Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман.
Ҷони мо чун риштаи дубофтаст,
Бофти ман, тору пуди ёди ман.
Гар набошӣ, синаи мо медарад
Душмани имони ман – ҷаллоди ман.
Чанд ғофил мондӣ аз дарди дилам,
Як туӣ имрӯз ҳамфарёди ман.
Баъди Сомонӣ маро сомон намонд,
Бод бар каф шуд ҳунарободи ман.
Аз Варорӯд ин ҳама ғофил мабош,
Дасти Рустам ёз бар имдоди ман.
Нури ҷоми Ҷам бияфкан бар дилам,
Шодмон кун ин дили ношоди ман.
Ҳар дари ту масдари лафзи дарист,
Мактаби ман, мазҳаби ман, доди ман.
Мо ҳама ҷамъи парешони туем,
Эй ту ҳам сарводаву сарводи ман.
Ман агар раҳгум задам дар роҳи худ,
Шодбахтам, ки туӣ иршоди ман.
Худ ту битвонӣ гиромӣ доштан
Яшти ман, Зардушти ман, иншоди ман.
Оташи Зардушт дар чашмони туст,
Оташи ишқи нахустэҷоди ман.
То ба даргоҳи абад хоҳад расид
«Маснавӣ»-ю «Шоҳнома»-зоди ман.
Мерасад бар чарх аз гулдастаҳот
Оҳи ман, афғони ман, фарёди ман.
Боди шурта гар набуд аз сӯи ту,
Эй дареғ аз кӯшиши барбоди ман.
Хомии моро ту хоҳӣ пухта кард,
Кӯраи ман, Коваи ҳаддоди ман.
Зимни номи ту ба фардо мебарад
Тӯшаи таърихро авлоди ман.
Дар ту мебинам камоли оли хеш,
Эй зи салсоли азал ҳамзоди ман.
Дар ту мепечам чу гул бар буттае,
Хонаи имони ман, меоди ман!
Дар навбаҳори хуррамӣ, дар тирамоҳи пурғамӣ
Одам бувад оҳу даме, ҳайфу дареғи одамӣ.
Дунёи макру фанди мо, дилхораву дилбанди мо:
Пур меканад пайванди мо, ҳайфу дареғи одамӣ.
Дар синаҳо дилпорае, к-он ҳам шавад гилпорае,
Ё туъмаи гилхорае, ҳайфу дареғи одамӣ.
Бо шираву бо шарбате, бо сад ҳазорон рутбате,
Охир маконаш турбате, ҳайфу дареғи одамӣ.
Гоҳе баҳористон равад, гоҳе нигористон равад,
Охир мазористон равад, ҳайфу дареғи одамӣ.
Як ҷой боғистон кунад, як ҷой доғистон кунад,
Охир ба лоғ истон кунад, ҳайфу дареғи одамӣ.
Аз хокдон оғози ӯ, то осмон парвози ӯ,
Охир лаҳад анбози ӯ, ҳайфу дареғи одамӣ.
Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс,
Дар олами инсонӣ олам нашудам, афсӯс.
Дар печухами дунё бас печу хаме хурдам,
Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам, афсӯс.
Зоридаму нолидам, бишкуфтаму болидам,
Бар захми дили зоре марҳам нашудам, афсӯс.
Якрӯза ҳаётамро садсола ғаме доданд,
Як дам ба дили ғамгин ҳамдам нашудам, афсӯс.
Пайғамбари бепайғом афзун ҳама ҷо, аммо
Фарде нашуд арзанда, ман ҳам нашудам, афсӯс.
Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё,
Аз хеш наёсояд кулфатзадаи дунё.
Сад ҷон бифишонӣ ҳам, қадри ту намедонад
Ин колбади хушки нафриншудаи дунё.
Дидему бисанҷидем то бозпасин ҳинҷор,
Ҳар дилшудаи дунё шуд дилзадаи дунё.
Гар шод зи худ бошӣ, обод зи худ бошӣ,
Як лаҳзаи ту гирад ҷои садаи дунё.
Гар сад рада болоӣ, радди ҳамагон гардӣ,
Дар гӯр шавӣ яксон андар радаи дунё.
Пешомадагон яксар дар чоҳи ғамон хуфтанд,
З-инон чӣ биёмӯзад баъдомадаи дунё?..
Дар гӯри бузургон ман бас шамъ фурӯзондам,
Кори тоҷик ҳама хом аст, худоё, мададе!
Дасту по бозу ғулом аст, худоё, мададе!
Чор сӯяш ҳама қибла-ст, вале беқибла-ст,
Равишу роҳ кадом аст, худоё, мададе!
Хосро ганҷи мудом асту хушии дилу ҷон,
Омро ранҷи мудом аст, худоё, мададе!
Сангҳояш чӣ шуда? Санги маломат шудаанд,
Боз ҳам толиби ном аст, худоё, мададе!
Назми ӯ шуҳраи офоқ бувад, лек дареғ
Бенизом аз чӣ низом аст, худоё, мададе!
Ҳама ҷо фаҳшу ҳаром аст, худоё, мададе!
Ҳама ҷо макру ғиром аст, худоё, мададе!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед