Ришнома
Рӯзе “Чароғи рӯз» агар рӯзнома буд,
Аз ришвахорӣ он оқибат ришнома шуд.
Дар ҳар саҳифа менигарӣ риш, риш, риш,
Ришу қавоқи хандахарише чу Тухтамиш.*
Дар ҳар саҳифа менигарам пашм, пашм, пашм
Аз байни пашм менигарад чанд гушначашм.
Дар зери саҳифа менигарӣ мӯй, мӯй, мӯй.
Дар зери мӯй монда ниҳон чанд гандарӯй.
Яъне, ки ҳар саҳифа ба монанди пӯстак,
Кам нест андаруни чунин пашму пӯст кайк.
Покӯи тез хоҳаму устои сартарош,
К-ин ришномаро битарошад ба ришҳош.
Тобистони 1995, ш. Маскав
* Тухтамишхони муғул
Муаллиф: Бозор Собир
Шарҳи худро нависед