РОҲИ ОҲАН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Ба асри Шӯро биёфт равнақ,
Тамаддуну илм низ ирфон.
Бигашт обод мамлакатҳо,
Баланд шуд хоҷагии деҳқон.

Замини вайрона-обёрӣ,
Ба дашту саҳрост-об ҷорӣ.
Ривоҷ ҳам ёфт-пахтакорӣ,
Фақиру бечора-соҳиби нон.

Яке ба Мактаб давом дорад,
Дигар ба қишлоқ, тухм корад.
Гуруҳе бар шаҳр, ғалла орад,
Ҳама зи ободӣ шоду хандон.

Зи хотири ҳар касе нарафта,
Азоби роҳу баланду пастӣ
Ба вақти собиҷ ҷӣ гуна буд ин,
Раҳи районҳои Тоҷикистон?!

Кунун чӣ неку кушода Шӯро,
Бикард роҳи ароба барпо.
Касе бихоҳад равад ба ҳар ҷо,

Сафар намудан шудаст осон.
Ҳамеша тайёраҳо зи рӯи
Ҳаво биёяд, равад парида.
Ба ваӯти золим-амир кай буд,
Раҳи ҳавоиву фанни тайрон?!

Дигар яке аз муваффакқият,
Бувад раҳи оҳани Душанбе.
Бигашт наздикону-роҳ осон,
Барои меҳнаткашону деҳқон.

Биҷуст таърихи роҳи оҳан,
Зи Сарвар, ин дам, яке муҳандис.
Бигуфтамаш: омаду шуд обод,
«Раҳи тараққӣ ба Тоҷикистон!»

Мирсарвари Мирҳайдар ( соли 1929)

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед