РӮ БА РӮ БО ХЕШТАН ДАР ХИЛВАТИ АНДЕШАҲО
Боз мешӯрад дили ман, боз меларзад вуҷудам,
Боз мегиряд ғурурам, боз менолад сурудам,
Дар ҷаҳони нақду нася –
Ман чӣ будам? Ман кӣ будам?
Гоҳ гарди обшорам, гоҳ дарди рӯзгорам,
Гаҳ ба барги гул ғуборам, гоҳ борони баҳорам,
Дар ҷаҳони рафту омад –
Бор дорам? Ё надорам?
Гоҳ ҳукме бар сириштам, гоҳ доғи сарнавиштам,
Гоҳ жӯлида ба хокам, гоҳ мурғе аз биҳиштам,
Дар ҷаҳони коғазу гил –
Ман чӣ бинвиштам? Чӣ киштам?
Гарчи ман дар як дили худ сад дилеро озмудам,
Гарчи ман дар як дили худ
сад ҷаҳонеро кушудам,
Аз нишони хеш метарсам, ки пурсам –
Балки будам? Ё набудам?..
3.1.1977
Шарҳи худро нависед