Руҷуъ ба Ҳофиз аз Абдуқаюм Мамадҷонов
Нисбати рўят агар бо Моҳи Парвин кардаанд,
Сурати нодида ташбеҳи ба тахмин кардаанд.
Чунки ту не моҳ бошиву на дар Парвин ахтарӣ,
Бо чароғи меҳри худ аз Хуршед ҳам равшантарӣ.
Заррае аз меҳри оламгири ту надоранд ахтарон,
Равшанӣ бахшанд агарчанд бар осмони бекарон.
Равшании меҳри ту балки ба дилҳо қувват аст
Дидани рўят барои ошиқонат давлат аст.
Кай тавонад ахтаре аз меҳри ту ёбад хабар,
Гар зи ҳусни оразат шармандаанд Шамсу Қамар?
Ҳар як аз рухсораат дар боғи ҳуснат гулфишон,
Кас намеёбад монандаш ҳеҷ гуле дар гулситон.
Ман набитвонам бигўям рўи ту мисли гул аст,
Зулфи печонат ба хушрўӣ мисоли сунбул аст.
Шарм бошад ҳусни рўят, к-аз гармии дил равшан аст
Не гул асту сунбул асту дар чаман ёсуман аст.
Шарҳи худро нависед