РУБОИЁТ
Наврӯз, биё, ки бахти фирӯзи манӣ,
Армони муҳаббати дилафрӯзи манӣ.
Чун гулхани ту забона дорад ишқам,
Дилсӯхтаам ману ту дилсӯзи манӣ.
* * *
Наврӯз, биёву гулфишон кун дили ман,
Як булбулаки таронахон кун дили ман.
Сандуқи ғамаст синаам, бикшояш.
Озод зи андӯҳи ҷаҳон кун дили ман.
* * *
Ҳар ҷо, ки равам ёди ватан дар сари ман,
Андешаи озоди ватан дар сари ман.
Хуршед ҳамеша рӯшноӣ дорад
Аз меҳри худододи ватан бар сари ман.
* * *
Дунё раҳи ишқи мо ҷудо кард, дареғ!
Ёри дигаре туро садо кард дареғ!
Наздик будему дур гаштем, чаро?
Ёди ту дили маро адо кард, дареғ!
* * *
Ишқи ману ту таронаи дил дорад,
Як олами бекаронаи дил дорад.
Эй ошиқи зори ман, нигоҳи мастат
Сад хоҳиши худсаронаи дил дорад.
Шарҳи худро нависед