Рубоиёти Умари Хаём
240
З-он ки гамхот шабехун оранд
Фармой ки то бодаи гулгун оранд
Ту зар ни эй гофили нодон ки туро
Дар хок ниханду боз берун оранд.
241
З-он пеш ки гуре ба ман оганда шавад
В-ачзои вучуди ман пароканда шавад
Эй бода сар аз гури сурохи бардор
Бошад ки дили мурдаи ман зинда шавад.
242
Соки алами сиёхи шаб субх рабуд
Бархезу маи мугонаро дардех зуд
Бишкой зи хам ду наргиси хоболуд
Бархез ки хуфтанат басе хохад буд
243
Шаб нест ки акл дар тахайюр нашавад
В-аз гиря канори ман пур аз дур нашавад
Пурмай нашавад косаи сар аз савдо
Хар коса ки сарнагун бувад пур нашавад.
244
Окил гами андешайи лошай нахурад
Чуз чоми лаболаби паёпай нахурад
Гам дар дилу бода бода дар сурохи бошад
Хокаш бар сар ки гам хурад май нахурад
245
Олам хама андар таку андар пуянд
В-аз бехабари дида ба хун мешуянд
Чун даст ба сирри кор дар менашавад
Аз ачз дуругхои хуш мегуянд
246
Ишке ки мачози бувад обаш набувад
Чун оташи ниммурда тобаш набувад
Ошик бояд ки солу моху шабу руз
Орому карору хурду хобаш набувад
247
Фардо ки насиби неккашон набахшанд
Кисме ба мани ринду парешон бахшанд
Гар нек бувам маро аз эшон шумуранд
В-ар бад бошад маро бад-эшон бахшанд
248
Фармой буто ки май ба андоза диханд
Хар лахза шароби мо таробу тоза диханд
Аз дузаху аз бихишту аз хуру кусур
Фориг бинишин ки он худ овоза диханд
249
Касро паси пардаи казо рох нашуд
В-аз сирри кадар хеч кас огох нашуд
Хар касс ба далели акл рох нарафтанд
Маълум нагашту киса кутох нашуд.
250
Кас мушкили асрори фалакро накушод,
Кас як кадам аз ниход берун наниход,
Чун бингарам аз мубтадиву аз устод,
Ачз аст ба дасти хар ки аз модар зод.
250-294
Аз гардиши рузгор бахое баргир,
Бар тахти тараб нишин, ба каф соғар гир.
Аз тоту маъсият худо мустагнист,
Боре ту муроди худ зи олам баргир.
295
Аз ҳар чи хурад ринд шароб авлотар,
Бо сабзхатон бодаи ноб авлотар.
Олам ҳама сабасар хароб асту ябоб,
Дар чои хароб ҳам хароб авлотар.
296
Афлок, ки чуз ғам нафизоянд дигар,
Бинханд яке то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чи мекашем, наоянд дигар.
297
Эй дил ҳама асбоби чаҳон хоста гир,
Боғи тарабат ба сабза ороста гир.
В-он гоҳ бар он сабза шабе чун шабнам,
Биншаставу бомдод бархоста гир.
298
Эй дуст, ғами чаҳон беҳуда махур,
Беҳуда ғами чаҳон фарсуда махур.
Чун буд гузашту нест нобуд падид,
Хуш бош, ғами будаву нобуда махур.
299
Ин аҳли қубур хок гаштанду ғубор,
Ҳар зарра зи ҳар зарра гирифтанд канор.
Оҳ ин чи шароб аст, ки то рузи шумор,
Бехуд шудаву бехабаранд аз ҳама кор.