РӮҲИ НЕҲРУ
То ки баъди марг ҳам туғён кунад,
Шӯраду бистезаду ҷавлон кунад,
Дар фазои осмон бошад муқим,
Дар дили баҳри дамон бошад муқим,
Сайр созад то ба паҳнои ҷаҳон,
Гашта ҳампои насими бемакон,
То биёмӯзад ба ҳар як мавҷ ӯ,
Беқарорию суботу ҷустуҷӯ,
Ҳамдаму ҳамрози дарёҳо шавад,
Ҳамнасиби бешаву саҳро шавад,
Ғамшарики баҳрпаймоён шавад,
Шоҳиди беҳрӯзии инсон шавад.
Гашта ҳампарвози мурғони ҳаво,
Сер бинад ҳусни олам аз само.
То танинандоз бошад чун суруд,
Чун суруди меҳр дар саҳни вуҷуд.
То зи инсон дар ҳама баҳру баре
Сабт монад, сабт инсонигарӣ.
То ки дар ҳамбастагии обу хок
Зинда бошад, зинда бошад рӯҳи пок.
Ҳамчу онҳо худ ғизои гул шавад,
Зеби нав, ҳусни нави кокул шавад.
То ки бошад боз ҳамдарди замин,
Хайрхоҳи меҳрпарварди замин.
То чу ҳар як ташна нӯшад оби рӯд,
Об не, гирад зи инсон сад дуруд.
Ҷои теғу бомбаю тиру туфанг,
Ҷои оташ, дуди даҳшатзои ҷанг.
Рӯҳи худро бар фазо парвоз дод,
Интиҳояшро зи нав оғоз дод.
Дод ӯ хокистари худро ба рӯд,
Ки равад то баҳрҳои беҳудуд…
Дӯстон, гӯед оё интиҳост,
Интиҳоеро, ки ин сон ибтидост?!
1964
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ