Руи Замин
Замин – модархудои мутлақи мо,
Барои кӯдакон шабзиндадор аст.
Ба чашмонаш шикаста хоб гӯӣ,
Ба тифлон қисмати нек интизор аст.
Мисоли ошиқони покпаймон
Замин месӯзад андар оташи худ.
Мисоли модарон ошуфтахотир
Зи ишқи духтарони маҳваши худ.
Барад фарзандҳои баркамолаш,
Чу бадбахтӣ бар ӯ офат расонад –
Чунон ки тундбоде гар бишӯрад,
Бирезад себи пухта, хом монад.
Ба рӯи ӯ яке бори гароне,
Яке чун деҳқону киштманд аст.
Ба рӯи ӯ хилофи хоҳиши ӯ
Садои зарби мис аз зар баланд аст.
Замин озор хурда, дард хурда
Зи тирафшонию аз позаданҳо.
Ба зери осмони дуру бемеҳр
Замин танҳост мисли бевазанҳо.
Халад дандонаҳои тонк бар ӯ
Чу ашки шер бар ҳалқи ғизоле.
Ба рӯи ӯ бимонад захми ҳар тир
Чу доғе бар рухи соҳибҷамоле.
Замин пир аст, лек аз мо ҷавонтар,
Ҷавон асту валекин пир аз мост.
Лагадкӯбаш кунад як нокаси дун,
Замин бечора домангир аз мост.
Замин чун боғҷома – мо дарахтем,
Ба рӯяш меваи дил бояд афшонд.
Замин боғи раҳи боди хазон аст,
Ба рӯяш тухмаи гул бояд афшонд.
Замин – як ҷуръа оби охирин аст,
Ки бар қадраш расӣ дар ташнагиҳо.
Замин – як охирин нон аст, мардум,
Ки бар қадраш расӣ дар гушнагиҳо.
Замин дар зери по аз мо баланд аст,
Ба рӯяш нақши ҳар як пой панд аст.
Макӯбаш бо қадамҳои халалгор,
Замин чун фалсафӣ дар фикр банд аст…