Рустаму Сӯҳроб

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Теғи бедоди ту аз фарқи аҷал об хӯрад.
Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
Варна Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад?
Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,
Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад.
Хар ки бо душмании халқ равонаст чу баҳр,
Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чӣ рӯст?
Мӯй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хӯрад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед