РӯЗИ БОЗОРИ ГУЛУ РАЙҲОН АСТ
Рӯзи айшу тарабу бӯстон аст,
Рӯзи бозори гулу райҳон аст.
Тӯдайи хок абиромез аст,
Домани хок абирафшон аст.
Лола бар шохи зумуррад ба масал
Қадаҳе аз шабаву мар аст.
То кашидаст сабо ханҷари бед,
Ҳама гулзор пур аз пайкон аст.
Фалак аз ҳола сипар сохт магар,
Ба чаманшон ба ҷадал паймон аст.
Майли атфоли набот аз пайи қуд,
Сӯйи боло ба табиат з-он аст,
Ки кунун абр диҳад рӯзиашон,
Ҳар киро нафси наботи ҷон аст.
Боз бар пардайи илҳон булбул,
Мутриои бизмагиҳи бустон аст
К-аз пайи базмгаҳи наврӯзӣ
боғро боди соба меҳмон аст.
Шоҳиди боғ машшотаи табъ
Ғарқа андар гуҳари алвон аст.
Чеҳрайи зи наққоши баҳор
Ба накӯӣ чу нигористон аст.
Абр обистани дур (р) ест гарон
В-аз гаронӣ-ш гуҳар арзон аст