Рузи интихоб
Омад аз нав боз рузи интихоб,
Дод бар ҳар сина сузи интихоб.
Дид бояд нек фоли мулкро,
Пурсаодат ҳафт соли мулкро.
Ҳафт соли тоза набвад ҳафт сол,
Бошад он ҳафтод соли бемисол,
Интихоби он касе пас воҷиб аст,
Кӯ ба дунё халқи худро соҳиб аст!
Он ки ӯ афканд аз по ҷангро,
Кард охир танг ҳоли тангро,
Он ки бо ҷон буд пайвасти диёр,
Хест бар по, гашт ҳамдасти диёр,
Лаҳаи мушкил, накарда мову ман,
Дарси марди дод бар ахли Ватан,
Хешро зад байни обу оташаш,
Сохт соҳибсарҳадаш, шуд Орашаш!
Хон ҳама мушкил магар осон гузашт? —
Борҳо аз худ гузашт, аз ҷон гузашт!
Халқро аз асли халқ огоҳ кард,
Халқро раҳ доду соҳиброҳ кард,
Бо дили дарёву бо рӯи кушод Роҳу расми неки пулсози ниҳод,
Кард афзун меҳру ёриро зи нав,
Хислати бунёдкориро зи нав,
Ақлро омехт бо қалбу гудохт,
Сохт давлат аз дигар, ҳам халқ сохт!
Инак, омад боз рузи интихоб —
Рузи фарқи тозаи об аз сароб,
Пеши рӯ омад фаровон номзад, хон миён фарде мабодо номбад,
Лек номи неки як тан дигар аст,
Офтоб аст ӯву боки ахтар аст!
Бингар он симои миллат гаштаро,
Рамзи подории давлат гаштаро,
Тикона рӯнкӯю дилнакуст,
Гарму рушан хонаҳои дил аз ӯст!
Аз миён бархез, аё эй далкдор, у Ватандор асту ҳам ӯ халкдор!
Ӯст раҳбар, раҳзане даркор нест, ӯст сарвар, ҳоҷати сарбор нест!
Дар ҳама минбар баланду сарфароз ӯ забони мост — поку дилнавоз!
Олам аз ин тоҷдори ному нанг Тоҷикистонро шиносад бедиранг!
То ки бошад боз ҳам халқ инчунин — Сар ба авҷи кисмату по бар замин,
Сӯи бахти хеш бошад раҳкушо,
Ҳар раҳе бошад барояш раҳнамо,
Чашми бахташ то шавад пурнуртар,
Дасти азмаш то шавад пурзуртар,
Пур варо арзанда фарзандон шавад,
Ҳар нафар Эмомали Рахмон шавад,
Бо тамоми ҳастиам имрӯз ман Медиҳам овоз бо номи Ватан,
Субҳдам, бусида рӯи Офтоб,
Мекунам рамзи Ватанро интихоб!