Сӯзҳое кардаам, то созҳое кардаам.

Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.
Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ. эй гул,
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.
Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯи ман,
Агар ишкам ба марг орад, туро ман ,цӯст медорам,
Агар арзи ниёзи ман. хама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад. туро ман дӯст медорам
Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.
Қасам бар холи абрӯят, қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дӯст медорам.
1978
* * *
Бепару болам, вале парвозҳое кардаам,
Бо камоли оҷизӣ эъҷозҳое кардаам.
Гар садои ман зи кӯтоҳӣ ба гардун барнахӯрд,
Сӯи гардун гоҳ-гоҳ овозҳое кардаам.
Паст будам пеши қадраш, лек бо шеъри баланд
Пеши пои ёр пойандозҳое кардаам.
Ёр бо ман шоирӣ омӯхт, худ гофил аз ин,
Нозҳое кард агар ӯ, розҳое кардаам.
Гар ҷамолаш нест андар зиндагии якнавохт,
Ҳусни ӯро дар сухан пардозҳое кардаам.
Ошиқию шоирӣ ду боли як паррандаанд,
Сӯзҳое кардаам, то созҳое кардаам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед