САБАБИ ОФИЯТ
Офиятро гар бихоҳӣ, эй азиз,
Метавонаш ёфтан аз чор чиз.
Эминию неъмат андар хонадон,
Тандурустию фароғат баъд аз он.
Чунки бо неъмат амони бошадат,
Офиятро з-ӯ нишонӣ бошадат.
Бо дили фориғ чу бошӣ тандуруст,
Дигар аз дунё набояд ҳеҷ ҷуст.
Бармаёвар то тавонӣ коми нафс,
То наяфтӣ, эй писар дар доми нафс.
Зери по овар ҳавои нафсро,
Кам бад-ӯ деҳ баҳраҳои нафсро.
Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,
То бияндозанд андар чаҳ туро.
Нафсро сад кӯб, доми хор дор,
То тавонӣ дураш аз мурод дор.
Нафси бадро ҳар ки сераш мекунад,
Дар гунаҳ кардан далераш мекунад.
Хулқи худро дур дор аз ҳар мазаҳ,
То наяфтӣ дар вуболу дар базаҳ.
З-обу нон, то лаб,
шикамро пур масоз,
Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз.
Хирқаи пашминаро бар дӯш кун,
Шарбате аз номуродӣ нӯш кун.
Гар ҳамехоҳӣ насиб аз охират,
Рав бадар кун ҷомаҳои фохират.
Дар барат гӯ кисвати некӯ мабош,
Зери паҳлу ҷомаи хубат гӯ мабош.
Ҳамчу сӯфӣ дар либоси суф бош,
Дар сифатҳои худо мавсуф бош.
Марди раҳро буриё қолин бувад,
З-он ки хишташ оқибат болин бувад.
Марди раҳро буди дунё
суд нест,
Ҳаргизаш андешаи
нобуд нест!.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)