САБАҚИ ШУКУФТАН

Наврӯз навид орад аз рӯзи баҳор,
Хуш бо чароғи синаафрӯзи баҳор.
Бидҳад сабақи шкуфтану ворастан,
Шодам зи фурӯғи ибратомӯзи баҳор.

Наврӯз намунаи навин рӯзи ман аст,
Наврӯз ба гунаи биҳин рӯзи ман аст.
Дилро нафаси ҳуҷастааст зинда намуд,
Наврӯз дар ин рӯи замин рӯзи ман аст.

Нврӯз чу парчами садоқат бошад.
Наврӯз ба маънии саодат бошад.
Бирхезу саломи поки ӯро бипазир,
То тифли муроди дил саломат бошад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед