САБЗАДЕҲ
Офтоб аз теға чун сар мекашад,
Те аз сар зар банд бар сар мекашад,
Сабзадеҳ бо ташнаҳолии зиёд
Нурро пеш аз ҳама дармекашад.
Хона- рӯйи хона,
Рӯйи бом-бом,
Ин яке бом, он он яке саҳни тамом,
Гар баройи тори боме, мехӯрад
Дакка сар бар осмони илфон.
Чашм дӯзӣи аз сари санге агар,
Водие сурат кашад пеши назаар,
Бо раҳу бераҳою каҷровае,
Бо талу зовияю кӯҳу камар.
Обаке монанди шири хушгувор
Печ-печон мерасад аз бурсзор.
Рӯй-рӯйи сангҳо деҳаро андар канор.
Зеҳ занад вақти ғурубаш офтоб
Зеҳ занад вақти ғурубаш офтоб
Бар ситеғи кӯҳ аз зар нуру тоб,
Сабзадеҳ баъди ҳама ҷойи дигар
То саҳаргоҳаш гуселонад ба хоб.
Шарҳи худро нависед