Садқа
Эй сипеҳри беғуборам садқа бар номат шавам
Дар ҳавоят ҷон супорам садқа бар номат шавам
Эй садои ишқ бар гӯш дар гулистон ҳар саҳар
Гул сифат сӯрат парийе садқа бар номат шавам
Бар машомам атри гулҳо мерасад ҳар субҳи дам
Атри гулҳо зеби гулзор садқа бар номат шавам
Сад ранг дар рух намудор мекуни ҳар субҳ ту
Ранги ишқ зебандаи ту садқа бар номат шавам
Чор сӯ мегардаму дар ҷустуҷӯяти ҳар саҳар
Медурахши дар само ту садқа бар номат шавам
Сардаму бе рангаму гум кардаам ман ранги худ
Гармӣи шабҳои сардам садқа бар номат шавам
Шаб ҳама шаб дар хаёлам акси рӯят менамуд
Чеҳра хандонам биё ту садқа бар номат шавам
Гар манам дар доми ишқат ғарқи дарёи ҷунун
Маҷнуни девонаям ман садқа бар номат шавам
Вой аз даст ҷудойи мекушад ин ошиқи сар сахтро
Пеш аз маргам биё то садқа бар номат шавам
Ин ҳама аз дил бурун овард МАСЪӮД баҳри ту
Дар канорам бош ҷонам садқа бар номат шавам