Сад ҷон бифишонӣ ҳам қадри ту намедона
Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё,
Аз хеш наёсояд кулфатзадаи дунё.
Сад ҷон бифишонӣ ҳам, қадри ту намедонад
Ин колбади хушки нафриншудаи дунё.
Дидему бисанҷидем то бозпасин ҳинҷор,
Ҳар дилшудаи дунё шуд дилзадаи дунё.
Гар шод зи худ бошӣ, обод зи худ бошй,
Як лаҳзаи ту гирад ҷои садаи дунё.
Гар сад рада болоӣ, радди ҳамагон ғардӣ,
Дар гӯр шавӣ яксон андар радаи дунё.
Пешомадагон яксар дар чоҳи ғамон хуфтанд,
3-инон чӣ биёмӯзад баъдомадаи дунё?..
Дар гӯри бузургон ман бас шамъ фурӯзондам,
Рӯзе ки бимирам ман, гӯри дадаи дунё…
1991
Шарҳи худро нависед