CАД ПАНДИ ФИРДАВСӢ

Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Зи омӯхтан як замон нағнавӣ.

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба хар ду сарой…
Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.

Ба ҳар кор дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.
Сухан ҳар чӣ пурсанд хама рост гӯй,
Ба кажжи макун рою чора биҷуй.

Ҳар он кас, ки ӯ пеша гирад дурӯғ,
Ситамкор хонемашу бефурӯг.
Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой,
Ҳамон низ бо марди нопокроӣ.

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,
Дигар ҳар чӣ бошад намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу кирдори нек,
Бимонад чунон то ҷаҳон аст рек.

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Надорӣ дареғ он чи дорӣ зи дӯст,
Агар дида хоҳад, агар магзу пӯст.
Агар дӯст бо дӯст гирад шумор,
Набояд, ки бошад миёнчӣ ба кор.

Хамеша хирадро ту дастур дор,
Бад – ӯ ҷонат аз носазо дур дор.

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохи баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад – ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад хар он кас, ки дорад хирад.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.

Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ мапӯй.

Чи нохуш бувад дӯстӣ бо касе,
Ки баҳра надорад зи дониш басе.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед