САДБАРГ

Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ,
Ба гулдон мегузорӣ шодмона.
Латифу содаӣ худ мисли садбарг,
Дилат чун шохаи гул пурҷавона.
Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ,
Ки дунё қимати як барги он нест.
Агарчанде ки аз гулзори дунё
Барои ман гули рӯи ту кофист.
Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ,
На аз гулзор, аз гулзори дидор.
Гули рӯи туро хоҳам шукуфо
Ман аз гулхонаи додори додор.
Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ,
Маро вомераҳонӣ аз ғами марг.
Зи сад гул як гулат бишкуфта бошад
Ба сони он ҳама сад барги садбарг.
* * *
Пеши ман омад ба арза,
Чун бидидам, ки асабҳояш заифанд,
Содатар кардам суолам:
«Ку, чӣ хидмат?»
Гуфт: «Ман хеши худоям,
мушкиле дорам, ки осонаш кунӣ».
Хира мондам,
Хирам мондам з-он ки дар ҷои худо
Бандаи хокӣ чӣ имдоде тавонад кард.
Гуфтамаш:
«Хеши худо бошӣ, бирав пеши худо».
Гуфт: «Медонӣ, худо хешӣ надорад».
Боз ҳам ман хира мондам,
Хира мондам з-он ки мо –
Ду бандаи хокӣ
Дар ҷавоби як суол
Оҷизем аз баҳри ҳамдигар
Ба ҷои як худо…
14.8.1986

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед