ҲАФТОДУ ПАНҶ СОЛ ЗИ УМРИ МУБОРАКАШ
Ҳафтоду панҷ сол зи умри муборакаш
Бигзашту боз ҳуши ҷавон аст ҳуши ӯ.
Ҳафтоду панҷ чӯби ситам хӯрду хам нашуд,
Пеши амири хоин мардона пушти ӯ.
В-имрӯз бори хидмати халқи азизи хеш
Бо шавқ мебарад ба сари дӯш инчунин.
Ин навҷавони мӯйсафеди тавилсин
Аз кӣ гирифта қудрате ин гуна?
Аз Ленин.
Уммед ин ки аз асари табъи олияш
Гардад китобхонаи тоҷик мол-мол,
Маънои дигаре ҳам дорад умеди ман
Яъне расад ба сини ду ҳафтоду панҷ сол!
Омин!
Муаллиф: Абулқосими Лоҳутӣ
Шарҳи худро нависед