САФАР
Роҳи ин қулла баланд аст, баланд,
Кунад аз паҳлуи гардун гузарею
Ҷуз уқобе, ки занад чарх ба арш,
Ку дар ин роҳи фаро ҳамсафаре?
Дар паси пардаи нилии само
Ошёне ба ҳавасҳои ман аст.
Пари абре, ки парешон гузарад,
Гарде аз ранги нафасҳои ман аст.
Ҳар касе раҳ бибарад бар қулла,
Бикашад бори варо низ ба ҷон.
Ҳар қадар қулла баланд аст, баланд,
Бори он низ гарон аст, гарон.
Гарчи бор аст ба дӯшам қулла,
Сабук аз рӯҳи баланд аст танам.
Боли ман бори танам бардорад,
То барад сӯйи нахустин ватанам.
Шавад озори раҳи қулла тамом,
Дар тамомии раҳ оғоз шавам.
Баҳри гардун бишавад баҳри дилам,
Аз раҳи омадаам боз равам…
Шарҳи худро нависед