БА ХОТИРАИ ҒОИБ САФАРЗОДА
Гуфта будам туро, ки тунд марав,
Тунд рафтӣ, бубин, куҷо рафтӣ…
Ба хатои ҳама бишӯридӣ,
Худ чаро аз ҷаҳон хато рафтӣ?
Аз раҳи кӯҳ омадӣ ба сухан,
Аз сухан рафтӣ боз бо раҳи кӯҳ.
Як ҷаҳон шодӣ ваъда кардӣ, лек
Рафтию монд як ҷаҳон андӯҳ.
Дӯстам, дӯсти гаронборам,
Дар дилат розҳои дунё монд.
Бори куҳҳо кашиданӣ будӣ,
Бори умрат ба дӯши куҳҳо монд…
30.11.1976
Шарҳи худро нависед