НАЪТИ САЙИДУЛМУРСАЛИН
Баъд аз ин гӯям дуруди Мустафо,
Он ки олам ёфт аз нураш сафо.
Сайидулкавнайн, хатмулмурсалин,
Охир омад, буд фахрулаввалин.
Он ки омад нӯҳ фалак меъроҷи ӯ,
Анбиёву авлиё мӯҳтоҷи ӯ.
Шуд вуҷудаш раҳмати лилоламин,
Масҷиди ӯ шуд ҳама рӯи замин.
Садҳазорон раҳмати ҷонофарин,
Бар ваю бар оли поки Тоҳирин.
Он ки шуд ёраш Абубакру Умар,
Аз сари ангушти ӯ шақ шуд қамар.
Ог яке ӯро рафиқи ғор буд,
В-он дигар лашкаркаши аброр буд.
Соҳибаш буданд Усмону Алӣ,
Баҳри ӯ гаштанд дар олам валӣ.
Он яке кони ҳаёву ҳилм буд,
В-он дигар боби мадина илм буд.
Он расули ҳақ хайруннос буд,
Амми покаш Ҳамзаву Аббос буд.
Ҳар дам аз мо сад дуруду сад салом,
Бар расулу оли асҳобаш тамом.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед