САҶДАИ CАҲВ
Саҷдаи саҳвро баён кардан,
Он чи мушкил бувад аён кардан.
Гар касе фарзро кунад таъхир,
Ё кунад таркиби воҷиб аз тақсир.
Саҷдаи саҳвро чу соз кунад,
Ҷабри нуқсони он намоз кунад.
Ай мусаллӣ, ба ҳарду даст салом,
Гӯй в-он гаҳ биёр саҷда тамом.
Лек он кас ки ӯ имом бквад,
Ба сӯи рост як салом бувад.
Инчунин аст мазҳаби Нӯъмон,
Ӯ ба тақвӣ чу Бузару Салмон.
Инчунин аст ривояту фатво,
Ихтиёр он бувад ки ӯ тақво.
Ҳар яке саҳвро ду саҷда бас аст,
Шаръ омӯз, агар туро ҳавас аст.
Ҳар имоме ки мӯҳтадӣ бошад,
Саҳви ӯ саҳви муқтади бошад.
Муқтадиро чу саҳв афтодаст,
Саҷдаи саҳви ӯ на мӯътод аст.
Саҳви ӯро имом бардорад,
Тоаташро худой бипазирад.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед