Салом Модар

Ба номи ту ин, калон модар,
Бар шири ту, эҳтиром модар,
Ҳар соату субҳу шом, модар,
Аз ҷону дилам салом модар!

Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо
Бӯсида мари шаҳдли лабҳо
Бо меҳри бузургу бо талабҳо
Хӯрди ғами ман мудом, модар.

Эй модари меҳрубону дилбанд
Ман аз ту ҳазорбор хурсанд
Ҳаст оташи меҳр баҳри фарзанд
Андар дили ҳар кадом модар

Бо ёди муҳаббату вафояд
Бо ҳурмати шири ҷонфизоят
Такрор намоям аз бароят
Сад бори дигар салом, модар!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед