
Салом Модар
Бо номи ту ин калом, модар,
Бар пири ту эҳтиром , модар!
Ҳар соату субҳу шом, модар!
Аз ҷону дилам салом,модар!
* * *
Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо,
Бӯсида маро ба шаҳди лабҳо,
Бо меҳри бузургу бо талабҳо,
Хӯрдӣ гамии манн мудом, модар!
* * *
Эй модари меҳрубону дилбанд,
Ман аз ту ҳазор бор хурсанд,
Ҳаст оташи меҳр баҳри фарзанд,
Андар дили ҳар кадом модар.
* * *
Бо ёди муҳаббату вафоят,
Бо ҳурмати шири ҷонфизоят,
Такрор намоям аз бароят,
Сад бори дигар салом, модар!
Тавсия менамоям, ки Модарномаи Л. Шералиро низ дар линки http://life.ansor.info/tj/modarnoma_loiq_sherali бихонед.
Муаллиф: Гулваши Иброҳими Наққош
Шарҳи худро нависед