Салсабил
Эй рухаш чун хулду лаълат салсабил,
Салсабилат карда ҷону дил сабил.
Сабзпӯшони хатат бар гирди лаб,
Ҳамчу мӯҳронанд гирди Салсабил.
Новаки чашми ту дар ҳар гӯшае,
Ҳамчу ман афтода дорад сад катил.
Ё раб, ин оташ, ки дар ҷони ман аст,
Сард кун з-он сон, ки кардӣ бар Халил.
Ман намеёбам маҷол, эй дӯстон,
Гарчӣ дорад ӯ ҷамоле бас ҷамил.
Пои ман ланг асту манзил бас дароз,
Дасти мо кӯтоҳ хурмо бар нахил.
Шоҳи оламро бақову иззу ноз
Боду ҳар чизе, ки бошад з-ин қабил.
Ҳофиз аз сарпанҷаи ишқи нигор
Ҳамчу мӯр афтода шуд дар пойи пил.
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ
Шарҳи худро нависед