Санам

Санамо бо ғами ишки ту чӣ тадбир кунам,

То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам.

Дили девона аз он шуд, ки насиҳат шунавад,

Магараш ҳам зи сари зулфи ту занҷир кунам.

Он чӣ дар муддати ҳаҷри ту кашидам, ҳайҳот,

Дар яке нома муҳол аст, ки таҳрир кунам.

Бо сари зулфи ту маҷмӯъи парешонии хеш

Ку маҷоле, ки саросар ҳама тақрир кунам?

Он замон, к-орзуи дидани ҷонам бошад,

Дар назар нақши рухи хуби ту тасвир кунам.

Гар бидонам, ки висоли ту бад-ин даст диҳад,

Дину дилро ҳама дарбозаму тавфир кунам.

Дур шав аз барам, эй воъизу беҳуда магӯй,

Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам

Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,

Чунки такдир чунин асг, чӣ тадбир кунам?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед