САНГИ БАДГАВҲАР
(БА ДУШМАНОНИ МУҲАММАД(С)
“Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад”.
Эй Худо, ҳар кӣ шавад душмани ту ё ки расул,
Сараш аз дард халосу дилаш аз ғам нашавад.
***
Санги бадгавҳар ту будӣ нохалаф,
Коссаи заррин-расул-дурр дар садаф,
Қадри ту боло нашуд андохти санг,
Қадри ту паст аст зи барги як алаф.
***
Рӯз ба бедорӣ шабҳо вақти хоб,
Рӯҳи пайғамбар туро бидҳад азоб.
Ташна мирӣ, ташна бидҳӣ, ташна ҷон,
Вақти мурдан об гӯй, об, об!
То ба вақте зинда бошӣ русиёҳ,
Ҳоли ту аз ин бадтар гардад табоҳ.
Халқ медонанд, медонанд, яқин
Пеши ҳақ аз ин бадтар навбад гуноҳ.
***
Будай аблаҳтарини алаҳон,
Душмани пайғамбару пайғамбарон.
Бо ҳабиби ҳақ,ки дорӣ душманӣ
Душманӣ шуд ошкор дошти ниҳон.
Шарҳи худро нависед