Сари ҳар мастии саршор маро ёд кунед

Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд,
Дар шумори бешуморон мераванд.
Номдоре то бипояд дертар,
Аз ҷаҳон бас номдорон мераванд.
То гуле хандад ба рӯи ошиқе
3-ин гулистон гулузорон мераванд.
Орзумандон ба ёри рӯзи нек
Рӯзи барфу рӯзи борон мераванд.
Ташнагон андар талоши қатрае
Аз канори чашмасорон мераванд.
Ошиқону шоироне мисли ман
Дар радифи сад ҳазорон мераванд.
1978
* * *
Барои санги мазори Маҳмуди Воҳид
Дӯстон, вақги гули хор маро ёд кунед,
Чун гули санг зи куҳсор маро ёд кунед.
Ғар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,
Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.
Ҳар гаҳе ҷом ба каф масту гаронҷон хонед
Шеъри Хайём ба такрор, маро ёд кунед.
Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед,
Бо ҳамон нангу ҳамон ор маро ёд кунед.
Ғаму шодии ҷаҳон дар дили ман хок шудаст,
Сари ҳар шодию тимор маро ёд кунед.
Ҷоми умри мани пуршӯр агар нима шикаст,
Сари ҳар мастии саршор маро ёд кунед.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед