Сари осудаат савдо надида

Шабе ёди ту кардам, хонаам сӯхт,
Зи тобу таб дили девонаам сӯхт.
Ба ёди чашмҳои оташинат
Ҷаҳони қиссаву афсонаам сӯхт.
Ҷавон будию чун гулдаста будй,
Ту бо ман аҳди ёрӣ баста будӣ.
Дареғ аз рӯзҳои офтобӣ,
Ки баҳри ман зи худ вораста будӣ.
Агарчи сӯхтам, хоми ту будам,
Кабӯтарбаччаи роми ту будам.
Накӯномии ман коме наёвард,
Хушо вақте ки бадноми ту будам.
Ғанӣ аз базми дарвешон гурезад,
Ғамӣ аз суҳбати мастон гурезад.
Ба дидори ту бигрезам зи хона
Чу зиндонӣ, ки аз зиндон гурезад.
Чу моҳӣ меравам дарё ба дарё,
Чу оҳу меравам саҳро ба саҳро,
Замину осмонро мезанам пай,
Ки боре ёбамат танҳо ба танҳо.
Замоне кӯи. ту хуш манзилам буд,
Камоли ишқу бахти комилам буд.
Ду чашмат чашмаи нури илоҳӣ,
Ниҳоли қоматат боғи дилам буд.
Агар нози ту дар дунё нагунчад,
Агар ишқи ту дар дилҳо нагунҷад,
Биёву дар дили шоир макон гир,
Ки ишқ андар дили девона гунҷад. 
Туро бо ман дили фарзонае буд,
Маро бо ту ҳама афсонае буд.
Туро бо ман дили шӯридаи ишқ,
Маро бо ту дили девонае буд.
Ало, эй навниҳоли навбари ман,
Биафкан соя боре бар сари ман.
Биафкан сояву оромишам деҳ,
Ки осояд дили исёнгари ман.
Нигаҳҳои ту таскини дилам буд,
Таманнои ту тамкини дилам буд.
Аҷобат бин, ки бо ин бехудиҳо
Замоне ишқи ту дини дилам буд.
Маро бо ту муҳаббат буду бигзашт,
Ҷавонй ҳам чи неъмат буду бигзашт.
Ҳама рӯзам ба ҳукми рӯзгорон
Чу бодоварда давлат буду бигзашт.
Баҳор омад. шитобон бигзарад боз,
Гули ман аз хиёбон бигзарад боз.
Ҳама ишқе, ки андар сина дорам
Чу борон дар биёбон бигзарад боз.
Сари осудаат савдо надида,
Ду чашми обият дарё надида.
Дили ман сӯхт, хокистар шуд, аммо
Дили ту рӯи гармиро надида.
Сахаргоҳе, ки борон нам-наме дошт,
Дилам аз бегамии ту гаме дошт.
Надонистам ки дар ишку муҳаббат
Дили пурорзуям чӣ камӣ дошт°!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед