Сари савдоиён болин надорад

Туро дар орзуям сохтам ман,
Ҷавониро ба ишқат бохтам ман.
Чу ту нашнохтӣ қадри диламро,
Накӯтар хешро бишнохтам ман.
Баҳоро, қосиди меҳри дили ман,
Баҳоро, муждаи фасли гули ман,
Чу баъди ман шавӣ такрор ҳар сол,
Бирӯён сабза аз хоку ғили ман.
Баҳори ман баҳори ошиқӣ буд.
Дилам дар ишқи ёрон содиқе буд,
Аз он шодам, ки баъди ман бигӯянд
Замоне дар замин як Лоиқе буд…
Табиби ман ба ғайри ман касе нест,
Ҳабиби ман ба ғайри ман касе нест.
Ман аз ин умрфарсоӣ бидонам;
Рақиби ман ба ғайри ман касе нест.
Қарори ман ҳама аз беқарорист,
Барори ман ҳама аз бебарорист.
Ба худ андаррасам дар бехудиҳо,
Бақои ҷони ман аз ҷоннисорист.
Даруни сина исён мекунам ман,
Ба гӯши хеш афғон мекунам ман.
Сари савдопарасти хештанро
Ба ҷайби хеш пинҳон мекунам ман.
Нишони мо пас аз мурдан биҷӯянд,
Хатои мо пас аз мурдан бигӯянд.
Чи гулҳо, ки надидему начидем,
Пас аз мурдан зи хоки мо бирӯянд.
Дили беишқ ҳам озурда гардад,
Тани бедард ҳам фарсуда гардад,
Хазон гардад дарахти бесамар ҳам,
Гули бебӯй қам пажмурда гардад.
Фиреби зиндагӣ бар ҷои панд аст,
Тамоми фанди ӯ бар ҷои қанд аст.
Замин паст, осмон дуру баланд аст,
Ғанимат хар писанду нописанд аст.
Муҳаббат кори бедардон набошад,
Вафо бори сабукборон набошад.
«Касе, ки ошиқ аст, аз ҷон натарсад»
Агар маъшука сер аз ҷон набошад.
Гуноҳи мо ба ҷои ёдгор аст,
Хатои мо ба ҷои шоҳкор аст.
Хазони мо нишони тирамаҳ нест.
Хазони мо ғизои сад баҳор аст.
Дили ман, эй дили ман, эй дили ман,
Раҳи ман, раҳбари ман, манзили ман.
Маро куштй ту дар роҳи ҳавасҳо,
Бади ман, душмани ман, қотили ман.
Дареғо, аспи қисмат зин надорад,
Сари савдоиён болин надорад.
Ҳама хоҳанд вазни худ бидонанд,
Тарозуи касе шоҳин надорад.
Агар, эй дӯстон, аҳли сафоед,
Ба дарди шоирон гар пшноед,
Аҷал чун чашми шоирро бипӯшад,
Шумо девони шеърашро кушоед.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед