САРВАТ

Сарвати ноёби инсон, дӯстон, виҷдон бувад,
Молики ин сарвати ноёб асил инсон бувад.

Бор ёбад ҳар кӣ аз кирдори худ дар рӯзгор,
Зарб аз чаккуш рассад, то сабр аз сандон бувад.

Гар хирад дорӣ хирадмандон туро ҷуё шаванд,
Варна ҳамдасте наёбӣ, дӯстӣ армон бувад.

Зиндагӣ акси садо дорад, ба некӣ некиест,
Чашми бикшою нигар, бадкора кай кандон бувад?!

Гар барои мардуму меҳан набозӣ ҷони хеш,
Бар Ватан худро писар хондан гапи арзон бувад.

Ӯлмасо, дарси ҳаёт омӯз аз аҳли хирад,
То шавӣ арзандаи даврон, туро имкон бувад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед