САРВИ САБЗУ ТУТИ ХУШК

Ту маро маъзур дор, эй сарви озод,
Сарви озоде, ки месабзӣ ба назди кохии обод.
Гарчи пиндорам, ки баҳри решаҳоят нест фарқе
Дар кадомин марз сабзидан,
Лек месабзӣ фақат ё дар чаман,
Ё дар бари дарборҳо,
Ё дар дари сардорҳо.

Шоирон арчи чу маъшуқи саҳиқомат туро оғӯш карда
Зери пойи ту ба девонҳои худ садсолаҳо хобанд,
Аз фироқи ёр мемӯянд,
Сарви қадди ёр меҷӯянд.

З-он ки дар ҳавлии деҳқон ту намесабзӣ,
касе чизе намегӯяд.

Дар бари ҳавлии деҳқон тут мерӯяд.
То ба гармо мекунад бар кӯдаконаш соярезӣ,
То ба сармо мешавад бар кӯдаконаш ризқу рӯзӣ.

Меваи он бар тани тифлони хушкаш мешавад шира,
Кундаи он сандалиашро зимистон гарм медорад.
Лек вақте барги тут ӯ мехуронад кирмакашро,
Рӯзгори марди деҳқон мешавад тира.

Кирми пила мехурад барги вуҷуди кӯдакашро.
Мехурад чил рӯз, то месозад аз он парниён,
Парниён месозад, аммо меравад тифл аз миён.

Зиндагӣ, эй сарви озодон, бувад ранҷи фаровоне,
Баски ту дар ҳавлии мардум намесабзӣ, намедонӣ.
Тути деҳқон аст аз ғам гурмдор,
Гарчи набвад заррае ҳам ҷурмдор.

Дил гарон аз ман мадор, эй сарви озод,
Гар туро аз зиндагии мардум орам ёд.
Чист чора,
Зиндагонӣ пуртазод аст,
Гар якеро сабз медорад барои дилхушиҳо,
Дигареро сар бибуррад,
ки нишони адлу дод?!

Ҳам ту, эй тути азизи гурмдор,
Бо сари сабзи бурида зинда бошӣ то баҳор.
Шохаи хушки туро дар даст гирам ман,
Шаб ба зери пойи сарви сабз мирам ман.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед