Савганд
Савганд ба сарсабзиву савганд ба Навруз,
Савганд ба ин кишвари пайванд ба Наврӯз.
Савганд ба ин нурфишон Меҳани Хуршед,
Савганд ба уммеди дили миллати уммед.
Савганд ба ҳар иду ба ҳар шодии Меҳан,
Савганд ба озодиву ободии Меҳан.
Савганд ба хокаш, ки ҳама ганҷ биёрад,
Савганд ба обаш, ки ҳама нур биборад.
Савганд ба ҳар кӯҳ, ки тимсоли ғурур аст,
Савганд ба ҳар рӯд, ки сарчашмаи нур аст.
Савганд ба шеъраш, ки баланд аст чу кӯҳаш,
Савганд ба меҳраш, ки фузудаст шукӯҳаш.
Савганд ба ҳар сабзаи бархоста аз хок,
Савганд ба ин хок, ки болост зи афлок.
Савганд ба ҳар наҳли тару меваи покаш,
Савганд ба ин лафзи хушу шеваи покаш;
Савганд ба ҳар модари дилпарвару дилсӯз,
Савганд ба ҳар тифлаки хушқисмату хушрӯз.
Савганд ба ҳар лонаяки шохи дарахташ,
Савганд ба ҳар хонаи пайвастаи бахташ.
Савганд ба ҳар дил, ки пайи меҳру сафо рафт,
Савганд ба ҳар мард, ки бо роҳи вафо рафт.
Савганд ба ин мақсади созандаи воло,
Савганд ба ин роҳбари донову тавоно.
Савганд, ки сарсабзии ин мулк бихоҳем,
Наврӯзи Ватанро ҳамагон пуштупаноҳем!