САВОБИ ТУ, ГУНОҲИ МАН

Ҳамоғушии мо айни гуноҳ аст,
На онӣ дигару ман ҳам на инам.
Ба чашмони ту гул танҳо гиёҳ аст,
Манаш чун ошиқи хуршед бинам.

Ту мегӯйӣ, сухан зарби садоҳост,
Ба гӯшам лек рози одам аст он.
Ту пиндорӣ, ки ишқ аз зебу орост,
Маро аммо сиришти олам аст он.

Бубинам ман, валекин ту набинӣ,
Бубинӣ ту, вале ман хира монам.
Савоби ту, ки дар рӯйи заминӣ,
Гуноҳи ман, ки дар ҳафт осмонам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед