САЙДИ МОҲӢ
Аз барои халқ асло накардам кори соз,
Шуғл варзам дар лаби Кофарниҳон соли дароз.
Тӯри афғонӣ ба китфам сайди моҳӣ мекунам.
Меравам бо шавқи зӯр аз Андигон то деҳи Ёс.
Гар ба тӯри ман фитад, дар бахти ман, гулмоҳие,
Сахт мебандам даҳони роҳбаронамро ба он.
Ё ба духтур гар барам, бе шак диҳад беморхат,
Ё моҳибирён шавад даррав ба коми янгаатон.
Ризқи ман дар дамгаҳи шохоби дарё мешавад.
Соҳили Кофарниҳон сайру саёҳатгоҳи ман.
Сӣ намуди моҳӣ андар оби он бозӣ кунад,
Мефитад бар тӯри бетаг моҳии дилхоҳи ман.
Кай назоратчӣ диҳад бар кору борам эътибор
Кору борам дида бом ан ошноӣ мекунад.
Вай ба мо ҳаммаслаку ҳамкору ёвар гаштааст,
Чунки ӯ худ ҳар пагоҳӣ саёди моҳӣ мекунад.
Шарҳи худро нависед