Шаҳиди ҳусну рашку бевафоӣ

Туӣ ганҷинаи умри ман, эй ёр,
Туӣ нақдинаи умри ман, эй ёр.
Ба монанди диле ғамгину шодон
Туӣ дар синаи умри ман, эй ёр.
Бидонад ҳар касе хушрӯзгор аст,
Ки нури зиндагй аз чашми ёр аст.
Ниҳоли умри ошиқ сабзу хуррам
Ҳаме аз бӯсаҳои обдор аст.
Ҳама дунё фидои номи ёрам,
Фидои як сухан пайғоми ёрам.
Барафрӯзам даруни сина оташ,
Пазад то ваъдаҳои хоми ёрам.
Муҳаббат ҳолию фардои умр аст,
Муҳаббат шӯриши дарёи умр аст.
На ҳар савдогар ин ҷо суд ёбад,
Муҳаббат, ҷони ман, савдои умр аст.
Зи ишқи ту куҷо ҷои гурез аст,
Маро ҳар як нафас бо ту азиз аст.
Ба ман бозии абрӯи каҷат гуфт,
Ки дунё расми каҷдорумарез аст.
Кушоду басти мушкилҳо ту бошӣ,
Сафои дидаву дилҳо ту бошӣ,
Валекин дар ҳама айём, эй ишқ,
Ҷазои ҷумла оқилҳо ту бошӣ.
Туро меҷӯям аз ҳап боғу гулшан,
Туро меҷӯям аз дунёи равшан.
Туро меёбаму гум мекунам боз,
Аҷаб беҳудакорам, вой бар ман!
Ба кӯят боз роҳ орам, гули ман,
Дили пурдарду оҳ орам, гули ман.
Зи кулли гирудори нафси одам
Дар оғӯшат паноҳ орам, гули ман.
Биё, то ҳусни ту пайдо кунад дил,
Биё, то ишқи нав иншо кунад дил.
Ба бедардӣ чӣ фарқи одаму санг?
Биё, то дарди дил пайдо кунад дил!
Сарам бо туст, кай гӯям, ки сар деҳ,
Варо ҳар лаҳза савдои дигар деҳ.
Агар бо ман ниёзе дар дилат нест,
Дилам бо туст, гоҳ аз ӯ хабар деҳ!
Дилам ҳамошёни булбулон буд,
Ба саҳни бӯстонҳо нағмахон буд.
Баҳорон буду булбул буду гул буд,
Ҷавонй буду ёри ман ҷавон буд.
Дили ман, эй дили овораи ман,
Ту гум кардй ба ҳар ҷо чораи ман.
Агар аз дасти ту гирям шабу рӯз,
Наҷунбонад касе гаҳвораи ман.
Дили зебопарастам худфиреб аст,
Раҳаш гоҳе фарозу гаҳ нишеб аст.
Шаҳиди ҳусну рашку бевафоӣ,
Даруни синаам мисли ғариб аст.
Дили пур беҳтар аз паймонае пур,
Сари пурмағз аз сад хонае пур.
Чӣ ҷӯӣ ҳашмат аз ин чордевор,
Ки вай аз қиссаю афсонае пур.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед