
Шеъри Шабнам
Эй фарши бӯйи сунбули зулфат димоғҳо,
Помоли шабнами гули рӯйи то боғҳо.
Имшаб биё ба кулбаам, эй рашки бӯстон,
К-аз равғани гул аст лаболаб чароғҳо.
Номам миёни сӯхтагон то баланд шуд,
Худро ба лолазор кашиданд доғҳо,
З-он ёри хонагӣ хабаре ҳеҷ кас нагуфт,
Лабрез шуд зи обила пойи суроғҳо.
Имрӯз баски рехтаи хуни булбулон ,
Барбаста шуд ба халқ раҳи кӯчабоғҳо,
Дар Офтоб сӯхта гаштанд қумриён,
Бар сояҳои сарв нишастанд зоғҳо.
Дар ҳеҷ дил намонд ғами ишқ, Сайидо,
Шуд пир дар хаёли ҷавонон димоғҳо.
Шарҳи худро нависед