Шаборӯзон
Шаборӯзон зи ҳар ҷониб садои тир меояд,
Ба ҷони одамон талвосаи шабгир меояд.
Садои тир меояд, ки тири1 халқ коҳидаст,
Садои тир меояд, ки фардо дер меояд.
Садои тир агар н-ояд шабе ҳатто зи бурҷи Тир,
Ба ҳар як тирхурда ҳадяи тақдир меояд.
Садои тир агар н-ояд ба гӯш аз кӯчаю бунбаст,
Зи маҳфилҳо садои шеъри оламгир меояд.
Садои тир агар н-ояд, нахушкад синаи модар,
Ба коми кӯдаки оянда ҷӯи шир меояд.
Вале аз нохалафҳо рафта бар модар ситамҳое,
Ки модар назди тифлаш пой дар занҷир меояд.
Зи тоҷике ба тоҷике намеояд паёми меҳр,
Фақат тавҳин, фақат нафрин, фақат таҳқирмеояд.
Фишанги пӯка2 мерӯяд зи хоки ин Ватан бешак,
Агар аз тир ҳалли мушкилу тадбир меояд..
Дигар шоир забон аз шеър накшояд, ки ҳар лаҳза
Зи нон носер, лек аз ҷони ширин сер меояд.
Сухан шуд поймоли чанд бепире, худовандо,
Кӣ бар побӯсии ин миллати бепир меояд?